- тахта
- [تخته]1. чӯби рост буридашудаи ҳамвор2. ҳар чизи мусаттаҳ ва ҳамвор (мас., санг, оҳан)3. сафҳа, варақ (коғаз)4. қитъа (замини кишт)5. фарши чӯбини хона6. лавҳаи девории хатнависӣ дар дарсхона: тахтаи синф; тахтаи ифтихор лавҳаи чӯбине, ки ба девори муассисаҳо зада, дар он номи коргарони пешқадамро менависанд; тахтаи фармон тахтае, ки дар муассиса ва идораҳо фармонҳои гуногун барои шиносоии умум дар он овехта мешавад; ба тахта гирифтан мавриди маломату сарзаниш қарор додан, танбеҳ кардан; ба рӯи тахта гирифтан (мурдаро барои шустан) ба рӯи тахтаи мурдашӯӣ гузоштан (мурдаро)◊ тахтаю тираки худро ғундоштан аз коре даст кашидан, кореро бас кардан; тахта шудан (шуда мондан) шах шуда мондан, мабҳуту мутаҳайир мондан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.